Миллат ва номус
Азизи НАҚИБЗОД
Он гоҳ, ки миллат ғурурашро аз даст медиҳад, замони фаношавиаш оғоз мегардад.
-Мулло ришро тарошидед ё тарошиданд? Ин суоли беҷоро ба фурӯшандаи ошноям, ки дар бозори Корвон тиҷорат мекунад, додам.
-Тарошиданд! Бо сари хам ҷавоб медиҳад.
Аз суоли ноҷои додаам пушаймон шудам. Чун ман ин ошноямро ҳич гоҳ сархам надида будам. Ӯ як марди пурғурур ва сарафрозе буд. Чун ҳалол кор мекард ва ҳалол мехӯрд баҳонае барои сарафканда шудану сархам будан надошт. Аммо ин бор, ки ришашро бидуни хоҳишаш ҷабран тарошидаанд ва дар дуроҳаи интихоб ночор монда, ки ришро ихтиёр намояд ё ризқи фарзандонашро, ғуруршикаста менамуд.
Чун нахостам, ки беш аз ин хиҷолат кашад, роҳамро давом додам.
-Аппа “имиҷро дигар” кардаед? Ин пурсишро як ҷавон ба фурӯшандазане дод, ки ҳамеша руймоли калон мебаст. -Чи илоҷ, додар бо рӯймоли калон намегузоранд, кор кунем. Зани бечораро эҳсоси шарму ҳаё пахш карда кушиш мекард бо гӯшаи руймоли пуштисарбастааш ҷойҳои урёни танашро пӯшонад.
Намедонам мақомот аз роҳандозии ин маърака чӣ мехоҳад ва аз ин амал чӣ натиҷае ба даст оварданист. Ё аслан ин кор чӣ маънӣ дорад?
Мақомот ин иқдомашро мубориза бо фарҳанги бегона (фарҳанги афғониву арабӣ) тавҷеҳ медиҳад. Аммо онҳое, ки дар кӯчаву бозор ба рӯймоли хоҳарон ва риши бародарони ҳамватану ҳаммилатамон дахолат мекунанд оё аз фарҳанги миллат бӯе бурдаанд? Оё аҷдодони мо риш намегузоштанд ва модарони мо ва бибиҳоямон рӯймоли калон намебастанд? Ин ки риштароширо ба кишвари мо русҳо оварданд ва то кишвари моро забт кардани русҳо ҳеч тоҷике риш наметарошид ва ҳеч зани тоҷик сарлуч намегашт, ҳақиқати маҳз аст ва ҷои баҳс надорад! Пас чаро бедалел мегӯем, ки ин амалҳо фарҳанги арабу афғон аст?
Беш аз ин дар фарҳанги тоҷик ҳаққи дахолат ба либоси як занро танҳову танҳо падару бародар ва шавҳараш доранд. Дар фарҳанги миллати ман дахолат ба либоси зани бегона дахолат ба марзи нангу номуси хонаводааш ба ҳисоб меравад. Пас иқдоми рӯймолкашии мақомот чи фарҳангест? Ба кадом фарҳанг хос аст? Дақиқан фарҳанги тоҷикӣ нест. Намедонам, онҳое, ки пушти ин “амалиёт” менишинанд чӣ шинохте аз фарҳанги миллати мо доранд, вале ба назари ман бидуни ихтиёр ва ҷабран рӯймоли як занро кашидан фарҳанги барбарист!
Таърихан ҳич гоҳ миллати ман чунин корро накардааст. Ҳатто русҳо ки беш аз ним аср дар кишвари мо ҳукмронӣ мекарданд ва барои аз байн бурдани фарҳанги миллати мо мубориза менамуданд, ҳеч гоҳ руймоли зани тоҷикро иҷборан накашида буданд ё риши тоҷикеро маҷбурӣ натарошидаанд.
Аз ин амалиёт ҳеч суде нест. Натиҷааш ба ҷуз шикастани ғурури миллат ва тарсуву беғайрат сохтани он наметавонад бошад. Дахолат ба либоси зан дахолат ба ҳарими хусусии шахс, дахолат ба нангу номус ва ҳайсияти инсон мебошад. Худ тасаввур кунед, вақте дар маҳзари ом корманди мақомот рӯймоли ҳамсар ё хоҳари шуморо аз сараш бигирад, чи эҳсосе ба суроғатон хоҳад омад? Магар ифтихор мекунед? Дар фарҳанги миллати ман дар ин ҳол кас худро шарманда ва таҳқиршуда меҳисобад.
Замоне, ки миллат ғурурашро аз даст медиҳад, вақти фаношавиаш оғоз мегардад. Вақти ҷанги дохилӣ то ҷое ғурури миллатамон осеб хӯрд. Натиҷааш ин шуд, ки чеҳраи тоҷик ба “Равшану Ҷамшуд” мубаддал гардид. Дар хотир бояд дошт, ки шахси беғурур на аз худ на аз хонавода ва на аз Ватанаш ҳимоят накардаву намекунад. Аз ин рӯ набояд бо ғурур ва номусу ҳайсияти мардум бозӣ кард! Мақомот боястӣ марзбони нангу номуси миллат бошад, на марзшикани ҳайсияту ғурури миллат.