Азизи НАҚИБЗОД
Саррофон дар Тоҷикистон пеш аз буҳрон аз фурӯхтани доллар ба муштариён ҳамагӣ 2-3 сомонӣ фоида мегирифтанд. Ҳоло фарқи 652 ва 690 сомониро дигар худатон ҳисоб кунед.
Саррофиҳои Тоҷикистон аз бархе кишварҳо бахусус Русия як бартарӣ доштанд. Дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳури қурби асъор як хел буд ё хеле кам фарқ мекард. Ва дар аксар ҳолат саррофон пули муштариёнро бо ҳамон нишондоди лавҳаи пеши дарашон иваз менамуданд. Барои мисол дар шаҳрҳои Русия саррофиҳо асъорро бо қурбҳои гуногун хариду фурӯш мекарданд ва ҳоло ҳам вазъият чунон аст. Аммо буҳрони иқтисодие, ки ба Русия омаду то Тоҷикистон расид, ин хосияти саррофиҳои Тоҷикистонро аз байн бурд.
Дар моҳҳои март-апрели соли равон дар Тоҷикистон қурби доллари амрикоӣ ба таври бесобиқа боло рафт. Саррофиҳо долларро бо нархи поин мехаридан ва бо арзиши хеле боло (дар аксар ҳолат пинҳонӣ) ба фурӯш мегузоштанд. Ин вазъият роҳбарияти кишварро ба ташвиш овард. Дар оғози моҳи май дар Бонки миллӣ тағироти кадрӣ ба вуқӯъ омад ва роҳбарияти он иваз карда шуд. Гуфта мешуд, ин тағирот маҳз барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ сурат гирифт. Раиси тозатаъини Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода низ дар аввалин суҳбаташ бо расонаҳо иброз дошт, ки вазифаи аввалинаш ба низом овардани қурби пул мебошад. Аммо барои он ки бидонӣ, то болову поин рафтани қурби пули миллӣ ва камчину гарон шудани асъор ҳич вобастагие ба кӣ будани роҳбари Бонки миллӣ надорад, шарт нест, то коршиноси соҳа бошӣ.
Қурби пули ҳар кишвар вобаста ба сатҳи истеҳсолоташ мебошад ва ҳар қадар содироташ зиёд бошад ҳамон қадар ба он кишвар асъор ворид мегардад. Ва инки иқтисоди мо аз муҳоҷирон вобаста буд ва онҳо ба кишвар асъор ворид менамуданд, кашфи Амрико нест. Аз ин рӯ воридоти асъор аз Русия кам гардид ва баробари ин иқтисоди мо низ осеб дид. Дигар на Нурмуҳаммадзода тавонист, ки ба ваъдааш вафо кунад ва на таваққуъе, ки ҳукумат аз
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва Ҷамолиддин Нуралиев дошт, бароварда гардид.
Роҳбарони нави Бонки миллӣ барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ ва ба низом овардани саррофиҳо бо ҷалби кормандони ВКД ва Прокуратураи генералӣ иқдомҳоеро ба мисли ба ҷавобгарӣ кашидани саррофон, барои чанд вақт бастани дари бархе аз саррофиҳо, ба фурӯш гузоштани доллари амрикоӣ бо арзиши поинтар ва чанде дигарро рӯи даст гирифтанд. Воқеан пас аз амалӣ намудани ин амалиёт то ҷое бозори пул ба низом даромад. Аммо дигар навиштаҷоти рӯи лавҳаи саррофиҳо танҳо қисми харидаш воқеӣ буд. Дар тамоми гӯшаҳои кишвар долларро бо қурби 652 мехариданд, қурби фурӯш дар ҳама ҷо 654 навишта шуда буд, вале бо ин қурб касе доллар харида наметавонист. Саррофон ба муштариёни ношинос доллар надорем мегуфтанд. Аммо барои шиносҳояшон бо қурби 660-665 мефурӯхтанд.
Рӯзҳои охир бинобар боз ҳам поин рафтани қурби пули русӣ қурби сомонӣ низ поин рафт. Арзиши доллар ба таври бесобиқа боло рафт. Корафтодаҳо мегӯянд, ки кунун аз саррофиҳои Тоҷикистон долларро бо арзиши 688-690 харидорӣ менамоянд. Дар ҳоле ки дар лавҳаҳои саррофиҳо қурби фурӯш 656 сомонӣ нишон дода шудааст. Инҷо баҳси сабабу омилҳои болоравии доллару поинравии сомониро як тараф мегузорем. Вале аз ин ҳам ташвишовар ҳамин лавҳаҳои ба воқеият номувофиқи саррофиҳост, ки қурби фурӯши долларро 656 нависта, бо арзиши 690 мефурӯшанд. Ва ҳам масъулини Бонки миллӣ ва ҳам кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам муштариён нодида мегиранд. Гӯё чизе нашуда аст. Гӯё дурӯғ нишон додани лавҳа ва фиреб кардани мардум меъёр бошад.
Ногуфта намонад, ки саррофон дар Тоҷикистон пеш аз буҳрон аз фурӯхтани доллар ба муштариён ҳамагӣ 2-3 сомонӣ фоида мегирифтанд. Ҳоло фарқи 652 ва 690 сомониро дигар худатон ҳисоб кунед. Ин ба кадом меъёр дуруст мегирад?
Мо аз роҳбарияти Бонки миллӣ таваққуъ надорем, ки қурби пули миллиро нигоҳ дорад. Чун ин кор ғайриимкон ва муқобили қоидаҳои бозор аст. Аммо саррофиҳоро ба он водор намояд, ки мисли замони пеш аз буҳрон қурби воқеиро нависанд ва ба ҳар корафтода хоҳ шинос аст, хоҳ ношинос бо як қурб асъор фурӯшанд. Чун дурӯғ оқибати хуб надорад ва паёмадҳои бади ахлоқӣ дорад. Паёмади иқтисодиаш низ фикр намекунам, ки хуб бошад.