Тасмими Қазоқистон барои кумак ба осебдидаҳои офати табии Тоҷикистон
Дафтари матбуоти нахуствазири Қазоқистон аз кумаки башардӯстона ба осебдидагони сел дар Тоҷикистон хабар додааст.
Дафтари матбуоти нахуствазири Қазоқистон мегӯяд, Бакитҷон Сагинтаев, муовини аввали сарвазир аснои як маҷлиси комиссия дар маврии кумаки башарӣ ин мавзӯъро баррасӣ кардааст.
Манбаъ афзудааст, комиссияи мазкур ба ҳукумати Қазоқистон тавсия додааст, ба Тоҷикистон кумаки башардӯстонаи расмӣ ироа шавад. Ба ин тартиб, ба сокинони зарардидаи Тоҷикистон консервҳои гуштӣ, шир, равған, шакар, биринҷ, таҷҳизоти металӣ ва шифер мерасад.