Як бому ду ҳаво? "НТВ" нагуфт, Равшан аз Тоҷикистон аст
Шабакаи телевизионии “НТВ”-и Русия бо пахши гузорише амали як муҳоҷири тоҷик, ки наздик ба як миллион рубли ёфтаи худро ба соҳибаш баргардонид, пӯшиш дода, аз зикри шаҳрванди Тоҷикистон будани ӯ худдорӣ кардааст.
Номи ин муҳоҷири 47-сола аз Тоҷикистон, ки ба ронандагӣ машғул будааст, замоне сархати расонаҳои хабарии Русия қарор гирифт, ки ҷузвдон ва 850 ҳазору 200 рубли як мусофири худро ба соҳибаш баргардонид. Ин 850 рубл марбут ба сокини ношунавои маҳаллие будааст, ки “мототсикл”-и худро фурӯхтаву ҳангоми бозгашт ба хона ҷузвдони маблағро дохили нақлиёти мусофирбар фаромӯш кардааст.
Муҳоҷири тоҷик, ки аз ӯ Равшан ном бурдаанд, гуфтааст, “ҳар шаб баъд аз соати корӣ дохили нақлиётро аз назар мегузаронам, то мусофире чизеро фаромӯш накарда бошад ва он шаб низ ин амалро такрор кардам, ки ҷузвдонеро бо 850 ҳазору 200 рубл ва либосе ёфтам. Пагоҳ аз субҳ то шом ин ҷузвдонро бо худ гирифтам, ки шояд касе ба суроғаш ояд. Аммо касе наомад”.
Ба гуфтаи Равшан, ӯ аз тариқи нишони навиштаи пушти лифофаи маблағ муштарии “Мототсикл”-ро пайдо карда, тавассути он бо соҳиби маблағ тамос гирифтааст: “Дар он нишонӣ мардеро ёфтам, ки гуфт, ман бо ин маблағ “мототсикл” харидаам ва ҳоло он дигар моли ман нест ва шумораеро доду гуфт, метавонӣ соҳиби маблағро бо ин пайдо кунӣ”.
Таҳиягарони гузориши “НТВ” ин амали муҳоҷири тоҷикро, ки дар Русия ба ҳайси ронандаи мусфирбар кор мекунад, қобили таҳсин хонда, аммо нагуфтаанд, ин марди 47-сола ҳам аз зумраи беш аз 2 миллион муҳоҷири кории Тоҷикистон аст, ки ҳамасола сари садҳо тани онҳо бо дасти миллатгароёни рус бидуни асос дар Русия аз тан ҷудо мешавад.
Ин амали масъулини шабакаи телевизионии “НТВ” бо вокуниши бархе аз бинандагон ва корбарони торнамои ин шабака ҳам рӯбарӯ шудааст. Камил Денишев, корбари торнамои “НТВ” навиштааст, “аз рафтору кирдори ронандагони қафқозӣ ҳар лаҳза хабар медиҳанду мегӯянд, ин корро кард ё он амалро анҷом дод. Аммо дар ин гуна ҳолатҳо намегӯянд, ин мард ҳам аз Қафқоз ё Осиёи Марказӣ аст. Ба ҳар сурат, Офаринаш!”
Зикр нашудани табаияти муҳоҷири тоҷик дар ҳолест, ки ҳангоми содир шудани ҷиноят аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон расонаҳои русӣ ҳатман ба миллат ва шаҳрвандии ӯ ишора мекунанд. Ҳатто ҳолатҳое низ шуда, ки дар ВАО-и Русия шаҳрвандони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, к ибо иттиҳоми ҷиноят боздошт шудаанд, тоҷик муаррифӣ мешавад.