Сокини 48-солаи Рӯдакӣ дар қочоқи беш аз 330 кг шираи камол муттаҳам мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як сокини 48-солаи ноҳияи Рӯдакиро дар қочоқи шираи камол муттаҳам дониста, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Тавре аз ин ниҳод хабар медиҳанд, кормандони пулис 24 августи соли равон дар пайи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз дохили сабукрави “Опел-Астра”, таҳти идораи ронандаи 38-солаи сокини ноҳияи Қубодиён 331килою 035 грамм шираи камол ёфт ва мусодира кардаанд: “Ҳангоми санҷиш муайян шуд, ки маводи мазкур ба марди 48-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ доштааст. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад”.
Шурӯъ аз соли 2008 бо як фармони раисиҷумҳур ҷамъоварӣ ва фурӯши шираи камол, ки дар тибб васеъ истифода мешавад, ба хориҷи кишвар маҳдуд шудааст.