Тавофуқ барои афзоиши парвозҳо миёни Тоҷикистону Эрон
Масъулини ширкатҳои ҳавопаймоии Эрону Тоҷикистон дар мавриди афзоиши теъдоди парвозҳо миёни ду кишвар ба тавофуқ расидаанд.
Мурод Исмоилӣ, дабири кулли дафтари назорат бар ширкатҳои фурудгоҳии созмони ҳавопаймоии Эрон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, “мақомоти Душанбеу Теҳрон зери тавофуқномае имзо гузоштаанд, ки бар асоси он миёни ду кишвар то 10 парвоз дар як ҳафта сурат хоҳад гирифт”.
Ба қавли Исмоилӣ, ин парвозхҳо тавассути ҳавопаймои ширкатҳои эронии “Aseman airlines” -ву “Mahan airlines” ва “Тоҷик-Эйр”-у “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
Ҳадаф аз зиёд кардани теъдоди парвозҳо миёни Тоҷикистону Эрон “афзоиши рафтуои мусофирон” арзёбӣ мешавад.
Эрон яке аз кишварҳое ба шумор меравад, ки аввалиншуда истиқлолияти Тоҷикистонро дар соли 1991 ба расмият шинохт ва моҳи январи соли 1992 сафорати худро дар Душанбе боз кард ва моҳи июли соли 1995 сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон – пойтахти Эрон ифтитоҳ гардидааст.