Ҳамлаи як афсари пойгоҳи 201 ба ронандаи таксӣ дар Бохтар
Як афсари пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ронандаи таксие аз Қӯрғонтеппаро бо зарби чанд корд захмӣ кардааст. Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон имрӯз, 25 август ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса рӯзи 21 август дар ноҳияи Бохтар ба вуқӯъ пайваста, ронанда Тоҳир Султонов, дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарист.
Ба иттилои манбаъ, Дмитрий Толстой низомии пойгоҳи 201 боздошт шуда, “нисбати ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома доранд”.
Ин дар ҳолест, ки қарор аст имрӯз, 25 август, Додгоҳи гарнизони ҳарбии №109-и пойгоҳи 201 мурофиаи ду сарбози ин пойгоҳро аз сар бигирад. Илдар Сахапов ва Федор Басимов сарбозони ин пойгоҳ дар куштори ваҳшиёнаи Раҳимҷон Тешабоев, ронандаи таксӣ дар моҳи августи соли 2014 муттаҳам мешаванд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ҷасади Раҳимҷон Тешабоев, соли таваллудаш 1978, бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз дохили мошинаш дар лаби кӯли деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рудакӣ ёфт шудааст. Баъдан, ин ниҳод гуфт, бо иттиҳоми анҷоми ин ҷиноят ду сарбози пойгоҳи низомии 201-и Русия боздошт шудаанд. Ба иттилои тафтишот Фёдор аз Раҳимҷон Тешабоев ҳудуди 50 ҳазор рубл қарздор будааст ва бо Илдар бо баҳонаи моҳигирӣ Тешабоевро ба ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бурда, ба қатл мерасонанд.
Наздикони Тешабоев аз додгоҳ 10 миллион рубл ҷуброни моддӣ ва маънавӣ талаб карданд, аммо ахиран розӣ шудаанд, танҳо 3 миллиону 70 ҳазор рубл бигиранд.