Номаи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Петр Порошенко
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли номае унвонии Петр Порошенко, президенти Украина, ӯ ва мардуми кишварашро ба муносибати солгарди Рӯзи истиқлол, ки 24 август таҷлил мешавад, табрик намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, дар номаи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст, Тоҷикистон дар такони ҷиддӣ бахшидан ба муносибатҳои дӯстонаи анъанавии бисёрсола, ки миёни ду давлат ва халқҳо мавҷуданд, ҳавасманд аст. Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, мутмаин аст бо кушишҳои ҳарду ҷониб ҳамгироии мутақобила ва ҳамкории созандаи миёни ду давлат рушди нав касб мекунанд: “Омодагии моро барои истифодаи тамоми кушишҳо дар роҳи густариши онҳо ба манфиати давлат ва халқҳоямон изҳор медорам”.