Қабл аз анҷумани ҲНИТ ба дари қароргоҳи марказии он муҳр зада шуд
Додгоҳи иқтисодии Душанбе шоми 24 август ба дари қароргоҳи марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи Борбад-1 муҳр задааст.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, як масъули Ҳизби наҳзати исломӣ рӯзи 25 август ба "Озодагон" гуфт, ин кор дар асоси қарори Суди иқтисодӣ ва дар асоси пешниҳоду тавсияи Прокуратураи генералии кишвар анҷом шудааст. Ӯ мегӯяд, Прокуратураи генералӣ далели ин корро "дар баҳси ҳалнашудаи Кумитаи амвол бо соҳибмулки бинои қароргоҳи марказии ҲНИТ, ғайриқонунӣ харидорӣ шудани бинои мазкур, ки ба ширкати "Тиҷорат” мутааллиқ буд", арзёбӣ мекунад.
Ба қавли оқои Сайфуллозода, суд-иҷрочиҳои Суди иқтисодӣ гуфтаанд, то 10 рӯзи мавриди ҳаллу баррасӣ қарор гирифтани баҳси мазкур, ҲНИТ иҷозати пешбурди кор дар ин биноро надорад.
Торнамои ҲНИТ бастани дари қароргоҳи марказии ҳизбро идомаи амалиёти "антинаҳзатӣ” унвон карда гуфтааст, "аз тифл то бузурги миллат хуб медонанд, ки рӯи кор даст гирифтани амалиёти мазкур танҳо ба хотири халал эҷод кардан барои баргузории анҷумани навбатии ҳизб аст, ки қарор аст 15 сентябри соли равон баргузор гардад".
Муҳр зада шудани дари қароргоҳи ҲНИТ дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл ВКД хабар дод, гуруҳи кории Раёсати оташнишонӣ барои камбудиҳо фаъолияти дафтари ҲНИТ-ро муваққатан қатъ кардааст. Аз ин пеш бо як мактуби Вазорати фарҳанг дари матбаи “Муаттар”-и Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар он нашрия ва маҷаллаи ин ҳизб ба табъ мерасид, аз сӯи мақомоти давлатии кишвар муҳр зада шуд.