Ӯ дар ин замина кишвари Қирғизистонро мисол мезанад, ки мисли Тоҷикистон як кишвари заиф будаву даст ба сохатани корхона зада, дар бозорҳои кишварҳои Осиёи Миёна мақом пайдо кардааст: “Ҳоло, тамоми бозорҳои Тоҷикистон текстили Қирғизистон аст. Пойафзоли Қирғизистон аст. Чунки он дар ин замони кутоҳ бо Русия ҳамкорӣ карданд. Мардум фоида мебинаду ва ҳам ба ин буҳронҳои кучаке, ки вобаста ба нархи доллару арзи русӣ аст ба онҳо таъсир намерасонад. Мо як кишвари осебпазирем. Чаро ки мо бозор ҳастем. Дар як сол қариб ба 3 миллиард мол ворид мекунем, вале дар ҳудуди 600-700 миллион доллар содир мекунем. Ин ҳисоб ҳам 4-5 сол буд, шояд ҳоло ин миқдор ҳам содир накунем. Ба ин хотир ҳамеша тавозуни савдои хориҷии мо манфӣ аст”.
Ҷаноби Исмоилиён мегӯяд, солҳои ахир сохтани бозор дар Тоҷикистон зиёд шудааст, ки он қадар фоида надорад. Ба андешаи ӯ бозор танҳо ба давлат андоз месупорад ва “он ҳам агар нимаш ба хазинаи давлат биравад, ними дигараш ба ҷайби соҳиби бозор меравад”.
Ӯ сохтани бозору мағозаро роҳи наҷоти кишвар намедонад ва мегӯяд, “роҳи наҷот ва пурқувват шудани кишвар вобаста ба корхонаҳои саноатӣ ва тавлидӣ аст. Дар бозор чиро мефурӯшӣ? Он бозорҳоро аз моли Чину Туркияву Қирғизистон пур мекунем. Чӣ фоида аст аз он? Тавозуни савдои мо ҳамеша манфӣ будааст. Содироту воридоти мо баланс надорад. Воридотро то 3 миллиард зиёд мекунем, вале то 600 миллион содирот дорем. Яъне, 1,5 миллирд мо зиёдтар ворид мекунем. Арзе, ки мо бо он молро мехарем маҳсули кори муҳоҷирони мо буд, ки ҳоло кам шудааст ва дар оянда ҳамин бозорҳо ҳам заифу касод мешаванд”.