Муроҷиати дубораи Бахтовар: Кумак расонед, то ҷарроҳӣ намоям (ВИДЕО)
Бахтовар Сафаров, сокини 22-солаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ки тобистони соли 2013 барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба шаҳрҳои Красноярску Маскави Русия рафта, аммо аз он ҷо бо дасту пои шикаста ба хонаашон баргашт, барои ҷарроҳӣ аз кулли мардуми саховатманди кишвар ва ташкилотҳои мададрасон кӯмак мехоҳад.
Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, соле пеш барои ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон талош кард, аммо бо далели набудани таҷҳизоти зарурӣ, маҷбур шуд, ҳуҷҷатҳояшро ба Маскав фиристад. Табибони рус гуфтаанд, ҷароҳияшро бар ивази 600 ҳазор рубл анҷом хоҳанд дод. Бахтовар мегӯяд, чунин маблағ надорад, зеро давоми қариб се соли бистарӣ будан тамоми дороиҳои хонаро барои табобаташ масраф карданд. Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, падараш ҷое кор намекунаду модараш ба корҳои аммааш ёрӣ расонида, каме пул мегирад, ки ҳатто барои хариди нон намерасад.
Бахтовар қаблан дар як муроҷиати кумакҳохиаш ба “Озодагон” гуфта буд, ҳангоми кор дар Маскав аз ошёнаи даҳум сарозер шуда, тамоми аъзои баданаш шикастааст. “Субҳ аз хоб хеста, ғамгин будам. Наҳорӣ карда, хостам ба поёни сохтмон фароям, аммо тақдир маро хеле осон ба поён фаровард. Аз ошёнаи даҳум ба замин афтодам ва вақте ба ҳуш омадам, фақат мегуфтам, Аллоҳ, маро ба бандагӣ қабул кун”,-нақл кард мусоҳиби мо. Ба нақли Бахтотвар баъдан ҳамкоронаш ӯро ба бемористон бурдаанд. “22 рӯз дар ҳоли беҳушӣ будам”,-мегӯяд Бахтовар.
Мусоҳиби мо афзуд, дар рӯзи 23-юми аз ошёнаи даҳум афтоданаш ба худ меояд ва ӯро дар ҳоли, ба қавли худаш, ниммурдаву нимзинда рӯзи 13 январи 2014 ба кишвар меоранд: “Аввал ба Қарияи Боло оварданд. Аммо ба далели он ки маблағ надоштем, ба хона омадем”. Инак, қариб се сол мешавад, ки Бахтовар, писари танҳои хонавода, дастнигар буда, аз ҷои худ хеставу роҳ гашта наметавонад. Табибон гуфтаанд, сутунмуҳра ва ҳароммағзи ӯ кафидаасту аз ҳамин сабаб то ҷарроҳӣ нашавад, шифо намеёбад. Ба гуфти Бахтовар, ҳаррӯз барои таскини дардаш доруҳои зиёд истеъмол мекунад, ки ҳоло бинбар сабаби набуди маблағ онро низ харида наметавонад: “Аз бонк зиёд қарздор шудем, аз дорухонаҳои маҳалла низ қарздорем дигар илоҷамон гум аст”.
Бахтовар мегӯяд, охирон маротиба аз мардуми азизи Точикистон муроҷиати кумак мекунад: “Аз бародарон, падарону модарон онҳое, ки охирин ҳарфи маро мешунавед ва ба тақдири инсоният бетараф нестед, аз ҳаммаатон хоҳиш мекунам ба ман кумак намоед то ҷарроҳӣ намоям”.
ИРТИБОТ БО БАХТОВАР БАРОИ ОНҲОЕ, КИ МЕХОҲАНД БА Ӯ КУМАК РАСОНАНД: 93 468 71 68
ВИДЕОИ суҳбати Бахтовар дар моҳи июли 2014