Данғара: Ҳалокати мусофири 33-солаи “Опел-Астра”
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар ҷанубӣ Тоҷикистон як зани 33-сола ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин садама рӯзи 23 август соатҳои 15:40 дар ҳудуди рустои Шаҳбури ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайвастааст: “Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 33-солаи сокини ноҳияи Темурмалик ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Данғара аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар тарафи чапи роҳ чаппа шудааст”.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, зани 33-солаи сокини ноҳияи Темурмалик ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.