Сафари кории генерал Остин III ба Тоҷикистон
Генерал Ллойд Дж. Остин III, фармондеҳи қувваҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои анҷоми сафари корие ба Тоҷикистон меояд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафари кории ин генерали амрикоӣ ба кишвар рӯзи 26 август оғоз шуда, то ду рӯз идома хоҳад ёфт.
Қарор аст, генерал Ллойд Дж. Остин III дар ҷараёни ин сафари худ ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар мулоқот карда, масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи низомӣ ва амнияти минтақаро баррасӣ кунанд.
Бори ахир, фармондеҳи қувваҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 2013 ба Тоҷикистон омада буд.