“Паҳанг” вориди Душанбе шуд (АКС)
Дастаи “Паҳанг”-и Малайзия барои бозии нахустини даври чорякниҳоии мусобиқоти Ҷоми АФК-2015 имрӯз вориди Душанбе шуд.
Тавре аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд, бозии даври чорякниҳоии мусобиқоти Ҷоми AФК-2015 миёни тимҳои “Истиқлол” ва “Паҳанг” рӯзи 26 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Бозии “Истиқлол” ва “Паҳанг”-ро доварони дараҷаи байналмилалӣ аз Урдун, сардовар Адҳам Муҳаммад Тумах Маҳадмеҳи ва ҳамватанонаш Аҳмад Моаннеси, Файсал Муҳаммад Аввал Швайр инчунин довари эҳтиётӣ Аҳмад Яқуб Иброҳим ҳакамӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, дар ҳайати дастаи “Паҳанг” 15 бозингар барои рақобат бо “Истиқлол” ба Тоҷикистон омадааст.
Дарвозабонҳо: Хайрул Аҳзан Ҳалид, Маҳд Насрул Нуриддин.
Ҳимоятгарон: Моҳд Сайфул Низом, Моҳд Шаҳризон Салеҳ, Моҳд Зайза Зайнулобиддин, Мэтю Дэвис (Австралия), Моҳд Разман Руслан, Зеш Раҳман. Нимҳимоятгарон: Сурендран Равиндран, Дэмиан Стюарт (Ямайка), Моҳд Ризо Шафиқ, Моҳд Ҳафиз Камол, Копинатхан Рамачандра,
Ҳамлагарон: Матиас Конти (Аргентина), Моҳд Азамуддин Ақил.