Сомонаҳои масдуду қарздори мақомоти додгоҳии Тоҷикистон (ВИДЕО)
Фаъолияти сомонаҳои расмии мақомоти додгоҳии 30 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон бо сабабҳои маълуму номаълум қатъ шудааст.
Далели аз фаъолият боз мондани аксари ин сомонаҳо бо шумули торнамои расмии Додгоҳи шаҳри Душанбе, Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ва Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон пардохт нашудани ҳаққи “домен” ва “хостинг” арзёбӣ мешавад.
Ҳангоми вуруд ба ин торнамоҳо рӯи саҳифа навиштаи “Ваш сайт был временно приостановлен за неуплату” дида мешавад. Танҳо аз вилояти Хатлон сомонаи расмии мақомоти додгоҳии 10 ноҳия, аз ҷумла Додгоҳи ноҳияи Ҷалиддин Румӣ (sudijrumi.tj), Додгоҳи ноҳияи Қумсангир (sudikumsangir.tj), Додгоҳи ноҳияи Қубодиён (sudikabodiyon.tj), Додгоҳи ноҳияи Носири Хусрав – (sudinhisrav.tj), Додгоҳи ноҳияи Хуросон (sudikhuroson.tj), Додгоҳи ноҳияи Восеъ (sudivose.tj), Додгоҳи ноҳияи Фархор (sudifarhor.tj), Додгоҳи ноҳияи Ховалинг (sudikhovaling.tj), Додгоҳи ноҳияи Балҷувон (sudibaljuvon.tj) ва Додгоҳи ноҳияи Данғара (sudidangara.tj) бо ин далел аз фаъолият боз мондаанд. Ин дар ҳолест, ки аз миёни додгоҳҳои 21 ноҳияи вилояти Хатлон танҳо 13-тои он дар шабакаи ҷаҳонии интернет саҳифа доштаанд.
Ба рӯйхати “қарздорҳо” сомонаи расмии судҳои баъзе аз навоҳии пойтахти Тоҷикистон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд, аз ҷумла додгоҳи ноҳияи Ҳисор (sudihisor.tj), Додгоҳи шаҳри Душанбе (sudidushanbe.tj), Додгоҳи ноҳияи Сино (sudisino.tj), Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе (sudiharbi.tj), Додгоҳи шаҳри Ваҳдат (sudivahdat.tj), Додгоҳи шаҳри Роғун (sudirogun.tj), Додгоҳи шаҳри Истиқлол (sudiistiklol.tj), Додгоҳи шаҳри Панҷакент (sudipanjakent.tj), Додгоҳи ноҳияи Спитамен (sudispitamen.tj), Додгоҳи ноҳияи Айнӣ (sudiayni.tj), Додгоҳи ноҳияи Ашт (sudiasht.tj), Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳи куҳӣ (sudimastchohikuhi.tj) ва Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон (sudi-shahriston.tj) ҳам шомиланд.
Фаъол набудани торнамоҳои расмии мақомоти додгоҳӣ бо далели напардохтани маблағи хизматрасонии "домен"-у "хостинг" дар ҳолест, ки бино ба иттилои vip.tj, як сомонаи марбут ба пешниҳоди ин хизматрасониҳо, арзиши солонаи "домен-tj" 15 ва "хостинг" аз 150 то 170 долларро ташкил медиҳад.
Сомонаҳои мақомоти додгоҳии баъзе аз шаҳру навоҳии дигар, аз ҷумла Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (sudifirdavsi.tj), Додгоҳи шаҳри Конибодом (sudikonibodom.tj), Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа (sudikurgantube.tj), Додгоҳи ноҳияи Бохтар (sudibohtar.tj), Додгоҳи ноҳияи Ёвон (sudiyovon.tj) ва Додгоҳи шаҳри Кулоб (sudikulob.tj) ҳам фаъол нестанд ва далелаш ҳам рӯшан нест.
Аз фаъолият боз мондани сомонаҳои расмии мақомоти додгоҳии 30 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла пойхтахти кишвар дар ҳолет, ки Созмони милали муттаҳид дар гузоришҳои худ перомуни рушди ҳукумати электронӣ Тоҷикистонро миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақомҳои поин нишондааст. Дар гузориши ахири пажуҳиши СММ, Тоҷикистон аз миёни 193 кишвар дар зинаи 129 қарор дошт. Гузориши СММ дар ду сол як бор бо назардошти сатҳи фарогирию сифати хадамоти интернетӣ, фановариҳои иттилоотӣ, сомонаҳои мақомоти давлатӣ, дастрасии шаҳрвандон ба шабакаҳои интернетӣ, сатҳи фаҳмиши аҳолӣ ва заминаҳои ҳуқуқӣ барои рушди ҳукумати электронӣ таҳия мегардад.
“Озодагон” моҳи марти соли 2014 дар мавриди сомонаҳои расмии ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон видео-гузорише таҳия карда буд, ки онро инҷо тамошо кунед: