Дар Хоруғ ҳимояи фазои иттилоотиро ба баҳс кашиданд
Масоили вобаста ба рушди соҳаи телевизион ва радио ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ ва ҳимояи фазои иттилоотии кишвар дар мизи мудавваре, ки дар шаҳри Хоруғ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии ВМКБ, бахши вилоятии ҶСК “Телерадиоком”, воситахои ахбори оммаи электрониву чопии вилоят доир гардид, баррасӣ шуданд.
Мудири бахши иттилоотӣ- таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева дар ибтидо аз зарурати гузариш ба пахши рақамӣ ёдовар гардида, таъкид дошт, ки ин раванд бояд барои пурра намудани фазои иттилоотии кишвар мусоидат кунад. Сармуҳандиси ҶСК “Телерадиоком” дар вилоят Алимурод Шомансуров изҳор дошт, ки айни замон дар шаҳри Хоруғ чор шабакаи умумимиллии давлатӣ ва як шабакаи вилоятии телевизионӣ дар мултиплекси фаъоли рақамӣ қобили дастрасӣ мебошад.
Сипас, раиси Ассосиатсияи истењсолкунандагон ва пањнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ Зинатулло Исмоилов оид ба проблемаву мушкилоти вобаста ба гузариш ба пахши рақамӣ иттилоъ дода, зарфият ва нақши шабакаҳои мустақили телевизиониро дар пурра намудани фазои иттилоотии кишвар бозгӯ намуд.
Зимни саволу ҷавоб иштирокдорони мизи мудаввар масоили вобаста ба рушди ҳамкориҳои мақомоти давлативу ҷамъиятӣ оид ба боло бурдани маърифати аҳолӣ дар мавриди гузариш ба формати нави пахши барномаҳои телевизионӣ, пурзӯр намудани маъракаи иттилоотӣ дар ВАО-и электронӣ ва чопии вилоят, таҳияи силсилаи барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ дар ин мавзӯъ ва роҳҳои дарёфти кӯмак ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ бобати дастрас намудани мавҷқабулкунакҳои рақамиро баррасӣ намуда, тавсияҳои худро ба мақомоти дахлдор пешниҳод сохтанд.