Даргузашти Талбак Салимов, вакили собиқи Маҷлиси намояндагон
Талбак Салимов, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 22 август дар сини 57-солагӣ даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуданд, ӯ бар асари бемории тулонӣ фавтидааст.
Талбак Салимов доктори илмиҳои техникӣ, профессор дар гузашта декани факултаи энергетикаи Донишгоҳи техникӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Кумитаи экологияи палатаи поёнии парлумон шуда кор кардааст.
Ӯ як муддат вазифаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистонро бар уҳда доштааст.
Дӯстонаш аз ӯ инсони хоксору меҳрубон, донишманд ва омӯзгори наку ном мебаранд.