Муовини муфтӣ хостори таъсиси ҷойҳои кории хуб барои ҷавонон шуд
Домулло Сайидакбар Яъқубов, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар пайи нигарониҳояш аз пайвастани шаҳрвандони кишвар ба сафи гуруҳҳои ифротӣ, хостори таъсиси ҷойҳои кории хуб барои ҷавонон шуд.
Ин руҳонии тоҷик рӯзи 21 август дар мавъизаи намози ҷумъаи худ дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе аз ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаву ояндаи миллату давлат ном гирифта, аз онҳо даъват кард, ба ҳам биёянду муттаҳид бошанд ва ба фитнаҳои гуруҳҳои ифротию террористӣ дода нашаванд.
Домулло Яъқубов ба фаъол шудани гуруҳҳои ифротӣ, аз ҷумла “Салафияи ҷиҳодӣ”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Туркистон” ишора карда, таъкид дошт, ин гуруҳҳо фитнаҳое бармеангезанд, ки боиси ҳалокати садҳову ҳазорҳо нафар мешавад: “Баъзе аз равияҳои аҳли ташайюъ низ ҳастанд, ки ҳар инсонро ҳукм ба куфр мекунанд ва дар ҷомеа фитнаҳоеро меандозанд, ки боиси нобудии миллату кишварҳо мешавад”.
Муовини раиси Шӯрои уламои кишвар дар идома хостори таъсиси ҷойҳои хуби корӣ барои ҷавонон шуд, то ба сафи гуруҳу равияҳои ифротӣ напайванданд: “Мову шумо ҳам бояд кушиш бикунем, ки давлат барои онҳо ҷойҳои кори хуб муҳайё бикунад, то ҷавонони мо бо кор таъмин бошанду кор бикунанд ва ба ҳар ҷою ҳар тараф, аз ҷумла ба равияҳои гуногун майл накунанд”.
Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар сафи ҷангҷӯёни созмонҳои террористӣ дар Ироқу Сурия беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур дошта, хабари марги зиёда аз 100 тани онҳо ба пайвандонашон расидааст.