Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон ду пружаи муштарак- тарҳҳои рушди иқтисодии маҳалҳо ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар маърази иҷро қарор дорад.Сармояи ин барномаҳо аз ҷониби вазорати рушди байналмилалии Бритониё ҷудо шуда ва аз ҷониби Оҷонсии рушди Олмон ва Барномаи Тавсеаи СММ амалӣ мешавад. Гуфта мешавад, тарҳи рушди иқтисодии маҳалҳо 14 ноҳияи вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро таҳти пӯшиш қарор дода ва дар назар аст, дар ояндаи наздик навоҳии водии Рашт, бархе аз навоҳии вилояти Хатлон ва навоҳии ҳаммарз бо Афғонистони Тоҷикистон ба ин тарҳ шомил шаванд.Ҳамчунин, ин вазорати Британия тарҳи коҳиши хатари ҳаводиси табиӣ дар Тоҷикистонро рӯйи даст гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо созмони “Фокус” ва Хазинаи Оғохон иҷро мегардад.
Алан Данкан, вазири рушди байналмилалии Британия гуфт, ки дар ҷараёни дидор бо президент Раҳмон вазъияти сулҳу субот дар Афғонистон ва мавзӯъи барқарор сохтани иқтисоди ин кишвар низ матраҳ шудааст. Ҷаноби Данкан, дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон бо Матлубхон Давлатов, мушовири раиси ҷумҳур дар масоили иқтисодӣ, Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазир, вазирони хориҷаю молия, раиси Бонки Миллӣ ва раиси кумитаи сармоягузорӣ мавзӯъи ислоҳоти иқтисодӣ, рушди бахши кишоварзӣ ва беҳбуди идораи молиявӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии президент иттилоъ доданд, имрӯз Алан Данкан ба вилояти Хатлон сафар карда, манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистонро аз наздик мебинад ва бо ҷараёни иҷрои тарҳҳои вазорати рушди байналмилалии Британия дар ин манотиқ ва раванди тиҷорати байнимарзӣ бо навоҳии ҳаммарзи Афғонистон ошно мешавад.
Маврид ба тазаккур аст, ки Алан Данкан нахустин вазир ё мақоми баландпояи ҳукумати Британия аст, ки ба Тоҷикистон ташриф меорад. Гуфта мешавад, ҳамкориҳои вазорати рушди байналмилалии Британия бо Тоҷикистон аз соли 2003 шурӯъ шуда ва то ба ҳол, ин вазорат барои иҷрои тарҳҳои мухталиф ба Тоҷикистон ҳудуди 32 миллион фунт, ё баробар ба 55 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки бебозгашт ироа кардааст.{jathumbnail off}