Раиси Кумитаи дин: Истифода аз эҳсоси мазҳабӣ омили пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротист
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди корҳои зиёд алайҳи шомилшавии ҷавонон ба гуруҳои ифротӣ, ҳанӯз онҳо фирефтаи чунин гуруҳҳо мегарданд. Давлатзода ин нуктаро имрӯз, 22 август дар мизи гирде бо номи "Таҳдидҳо ба ҳаёти имрӯзу ояндаи ҷавонон" дар шаҳри Кӯлоб иброз доштааст.
Ӯ омили аслии пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротиро, дар баробари паст будани сатҳи донишу огоҳии онҳо, инчунин истифода аз эҳсоси мазҳабӣ арзёбӣ кардааст. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аснои суханрони дар нишасти мазкур сатҳи пасти дониши ҷавононро аз таҳдидҳое унвон карда, ки ба ҳаёти онҳо таъсири амиқ доранд: “Барои зиндагии арзанда ҳар ҷавон бояд донишҳои муосиру замонавӣ аз худ карда, ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад”.
Ба таъкиди Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила гуруҳҳои манфиатхоҳ хамеша аз нерӯи ҷавонон истифода мекунанд. Ӯ афзуда, ҷавонон рисолати давлатсозиву давлатдориро ба душ доранд ва бояд ин рисолат ҳифз карда шавад.
Мизи гирди "Таҳдидҳо ба ҳаёти имрӯзу ояндаи ҷавонон" бо ташаббуси Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳӣ баргузор шуда, ҳадафи он "баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон дар бунёди оилаи солим ва пешгирии падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон" унвон мешавад.