АКСУ ВИДЕО: "Кафгири тилоӣ" ба Қӯрғонтеппа рафт
Шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон дар даври ниҳойии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Оши палов" олитарин ҷоиза -- "Кафгири тилоӣ"-ро соҳиб шуд.
"Кафгири тилоӣ" баландтарин ҷоизаи ҷашнвора ба Карим Ҳалимов, сарошпази ошхонаи Бозори «Фаровон»-и Қӯрғонтеппа супурда шуд. Номинатсияи "Ошпази беҳтарин"-ро шаҳри Хуҷанд ба худ ихтисос дод. Дар бахши "Дастони моҳир" -- Алишер Файзиев ва дар бахши "Ороиши дастархони беҳтарин" Отабек Бобоқулов (ноҳияи Шоҳмансур) ғолиб эълон шуданд.
Дар бахши "Сурудҳои ҳаҷвӣ" шаҳри Роғун, дар бахши "Ҳаҷвнигорӣ" ноҳияи Файзобод ва дар бахши "Рақси ошпаз" шаҳри Хуҷанд ғолиб дониста шуданд.
Даври ниҳойии ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии “Оши палав” дар Душанбе баргузор шуд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, баъди анҷоми даври аввали ин фестивал-озмун 32 ноҳия ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд: “Мақсад аз баргузории Фестивал-озмун тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ буда, воситаи хубе барои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарбияти фарҳанги ошпазӣ ва такмили маҳорати касбии ошпазҳо ба шумор меравад”.