Ҳадафи ВКД аз нашри хабарҳо дар мавриди қонуншикании намояндаҳои шоу бизнес чи буд, маълум нест, аммо бисёриҳо интизоранд, ки БДА фаротар аз овозхону ҳаҷвнигорҳо меравад ё хайр. Мардум мехоҳанд, бидонанд, ки вазиру кабир бо кадом мошин дар кӯчаҳои пойтахт мегарданд ва чи теъдод қоидаҳоро нақз кардаву чӣ миқдор ҷарима супурдаанд. То рейтинги мошинҳои “крутой”-и мансабдорони давлатӣ, агар ВКД лутф кардаву онро ҳам нашр созад, бо шумо Худоҳофизӣ мекунем.