Интерпол Бахтовари 19-сола аз Шаҳритусро ҷустуҷӯ дорад
Пулиси байналмилал ё Интерпол мегӯяд, Бахтовар Ҷӯрақулов, ҷавони 19-сола аз Тоҷикистонро ҷустуҷӯ дорад.
Тибқи иттилои торнамои расмии Интерпол, Бахтовар Ҷӯрақулов бо дархости мақомоти тоҷик мавриди кофтукоби ҷиноӣ қарор гирифта, дар амалҳои муздурӣ муттаҳам мешавад. Манбаъ афзудааст, Ҷӯрақулов сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлони Тоҷикистон буда, забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбакиро медонад.
Ин иттилоияи Интерпол дар ҳолест, ки ахиран мақомоти тоҷик аз боздошти як гуруҳи 17 нафарӣ дар ноҳияи Шаҳритус бо иттиҳоми боло кардани парчами сиёҳи монанд ба байрақи созмони террористии “ДИИШ” хабар доданд. Ба қавли мақомот, гӯиё ин ҷавонони тоҷик ду рӯз пайи ҳам парчами сиёҳеро назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази Шаҳритус баланд кардаанд.