Ин чӣ шӯрест... Дуюмин ҳолати кордкашӣ ба тарафи келин дар ду рӯзи ахир
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 50-сола хабар додааст, ки дар маҷруҳ кардани келинаш муттаҳам мешавад.
Торнамои ин ниҳод менависад, “аснои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки марди 50-солаи сокини ноҳияи Ҷиликӯл рӯзи 20 август тахминан соати 09:30 дар ҳавлии истиқоматиашон, бо келини хонадон зани 25-солаи истиқоматкунандаи ҳамонҷо, ҷангу ҷанҷол карда, сипас бо корди ошхонагии дар дасташ буда 2 маротиба ба узвҳои баданаш мезанад”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Ин дар ҳолест, ки ду рӯзи пеш (18 август), аз чунин як ҳолат дар шимоли Тоҷикистон хабар расида буд. Вазорати умури дохилӣ гуфт, як сокини 60-солаи ноҳияи Ғончии вилояти Суғд тахминан соати 16:00 дар ҳавлии истиқоматиаш “аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо келинаш, зани 31-солаи истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, се маротиба ба қафаси сина ва ду маротиба ба дасти чапаш задааст”.
ВКД афзуд, зан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтааст.