Коҳиши рубл ва болоравии пасипардагии доллар дар Душанбе
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон поинтар рафта, имрӯз, 21 август дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 1000 рубл аз 97 то 98 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон аз поинравии қурби пули русӣ дар Тоҷикистон хабар дода, 1000 рубли русро баробар ба 102 то 105 сомонӣ гуфта буд. Дар баробари уфти рубл доллар ҳамоно пасипардагӣ майли гаронӣ дошта, арзиши як доллар то ба 6,72-6,74 сомонӣ расидааст, ки инро ахири ҳафтаи гузашта Бонки миллӣ низ тасдиқ карда буд. Ин дар ҳолест, ки 1 доллари амрикоӣ тибқи нишондоди овезаҳои назди саррофиҳо 6,52 то 6,54 сомониро ташкил медиҳад. Қурби евро нисбат ба ҳафтаи гузашта баланд гардида, 1 евро 7,28-7,30 сомонӣ нишон дода шудааст.