"Силоҳбозӣ"-и кормандони пулис бо марги Носирови 21-сола анҷомид
Ҷанозаи як афсари 21-солаи тоҷик, ки аз тири силоҳи ҳамкораш ба ҳалокат расид, дар шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.
Наздикони Элдар Носиров, як афсари 21-солаи пулис ба "Озодагон" гуфтанд, намози ҷанозаи ӯ қабл аз зуҳри имрӯз, 20 август дар шаҳри Душанбе гузошта шуд. Ба қавли онҳо, Элда, ки дар шӯъбаи корҳои дохилии назди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кор мекард, аз тири силоҳи як ҳамкораш ба ҳалокат расидааст: "Онҳо бо ҳам шухӣ кардаанд ва нохост тири силоҳ ба ӯ расидааст".
Наздикони ин афсари пулис мегӯянд, ӯ ҳанӯз оиладор набуд.
Элдар писари Наримон Носиров, сардори Осоишгоҳи "Садбарг"-и Вазорати корҳои дохилӣ гуфта мешавад.
Дар ВКД низ хабари марги як афсари пулис аз тири ҳамкорашро тасдиқ карда гуфтанд, аз тафсилоти бештари қазия баъдан хабар хоҳанд дод.