Риски афзоиши коррупсия: Тоҷикистон дар зинаи 3-юм
Тоҷикистон дар раддабандии риски афзоиши коррупсия миёни 152 кишвари ҷаҳон зинаи сеюмро муаррифӣ мекунад.
Ин раддабандӣ аз тарафи Маркази байналмилалии беҳбуди дороӣ (ISAR), мақарраш дар Базели Шветсария аз рӯи 10 балл тартиб дода шуда, Тоҷикистон баъд аз Эрону Афғонистон бо гирифтани 8,28 балл дар мақоми сеюм нишастааст. Таҳиягарони ин гузориш, ки бо номи Шохис алайҳи пулшӯӣ (Basel Anti-Money Laundering Index) нашр шудааст, гуфтаанд, таҳдиди афзоиши фасоди молӣ аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Узбакистон аз ҳама камтар аст. Ин кишвар дар ҷадвали ISAR бо 5,1 балл ҷои 107-умро ишғол кардааст. Қирғизистон (6,27 балл) дар зинаи 56 ва Қазоқистон (5,93 балл) дар мақоми 69-анд.
Натиҷаи беҳтаринро кишварҳои Финландия (2,53 балл), Эстония (3,19 балл), Словения (3,41 балл), Литва (3,67 балл) ва Зеландияи Нав (3,78 балл) доро будаанд.
Дар гузориш омадааст, раддабандӣ он аз рӯи 14 нишондоди созмони Шаффофияти байналмилал, Бонки ҷаҳонӣ, Гуруҳи иқдом алайҳи пулшӯӣ ва Форуми байналмилалии иқтисодӣ таҳия шудааст. Муқаррарот алайҳи пулшӯӣ, фасоди молӣ, стандартҳои молӣ, фошсозиҳои сиёсӣ ва ҳокимияти қонун аз нишондодҳои муҳими ин гузориш гуфта шудаанд.