Дастури Убайдуллоев: Аз муборизаи беамон алайҳи “бегонапарастӣ” то омӯзиши “илмҳои дунявӣ”
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе пушидани либосҳои ғайримиллиро хатарзо хонда, хостори пурзӯр шудани мубориза алайҳи “бегонапарастӣ” миёни сокинони пойтахти Тоҷикистон шудааст.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе рӯзи 20 август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Убайдуллоев аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қотеона талаб кардааст, то аз фурӯши либосҳои ба фарҳанги миллии тоҷикон бегона дар бозор ва нуқтаҳои фурӯши пойтахт ҷилавгирӣ кунанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Убайдуллоев таблиғи фарҳангҳои бегона дар пойтахти Тоҷикистонро зиёд хонда, аз бетарафии баъзе афроду шахсони масъул нисбат ба ин раванд, ки ба назари ӯ хатарзо мебошад, шадидан нигаронӣ кардааст: “Бобати бетарафии баъзе аз афроду шахсони масъул оид ба зиёд шудани таблиғи фарҳанги бегонаву хатарзо дар шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори нигаронии шадид намуда, ба сохторҳои зидахл дастур фармуд, ки дар тамоми марказҳои савдою тиҷорат ва бозорҳои шаҳр ворид ва фурӯши сару либоси ба фарҳанги миллӣ бегонаро таври бебозгашт пешгирӣ намоянд”.
Нигаронии Убайдуллоев зимни ҷаласаи васеи кории ӯ рӯзи 19 августи соли равон дар Кохи ваҳдат сурат гирифтааст, ки дар он намояндагони тамоми қишрҳои иҷтимоии шаҳр, вакилони Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ аз шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, мақомоти марбутаи ҳуфзи ҳуқуқ ва худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, институтҳои шаҳрвандӣ, роҳбарони марказҳои савдою тиҷоратӣ, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ, инчунин масъулини кулли сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ иштирок доштаанд.
Шаҳрдори Душанбе дар ин ҷаласа таваҷҷуҳи ҳозиринро ба тамоюлҳои ҷаҳонишавии ҳаракатҳои ифротгароии динӣ, экстремизм ва терроризми байналмилалӣ нигаронида, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кулли сокинони пойтахт даъват ба миён овардааст, ҷиҳати халалдор нагардидани ҳамзистӣ ва суботи ҷомеа тамоми нерӯ ва матонати ватанхоҳонаро бо бедории амиқи сиёсӣ сафарбар созанд: “Таҳлилу бардоштҳои гаравиши баъзе аз қишрҳои ҷомеа ба ин гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки бинобар сабаби надоштани донишҳои таҳсилоти миёна ва дунявию адёнӣ, инчунин бетарафии ҷомеаву падару модарон бештар маврид онҳо ба ваъдаҳои безаминаи мубаллиғони тамоюлҳои тундрав бовар намуда, гумоштагони бетақдир мегарданд”.
Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳии асли мубориза бо ин равандро, беҳтар кардани таълиму тадрис дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, фарогирии мактабиён бо донишҳои дунявӣ ва баланд бардоштани масъулияти омӯзгорону волидон дар таълиму тарбияи фарзанд донистааст.
Нигаронӣ ва дастури Убайдуллоев алайҳи “бегонапарастӣ” дар ҳолест, ки субҳи 20 август бархе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ аз роҳ наёфтани занони муҳаҷҷаба ба васоити нақлиёти мусофирбари пойтахт хабар доданд.