Тамрини низомиёни рус: Аз ҳифозати иншоот то шоҳроҳи стратегии Тоҷикистон
Низоимиёни пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон тамрини ҳарбиеро баргузор карданд.
Сарбозони рус дар ин тамрин, ки ибтидои ҳафтаи равон баргузор шуд, ҷилавгирӣ аз тасарруфи иншооти муҳимму шоҳроҳи стратегии Тоҷикистон тавассути гуруҳҳи мусаллаҳеро машқ кардаанд.
Тибқи сенарияи тамрин, сарбозони пойгоҳи ҳарбии 201 ба ду гуруҳ тақсим шуда, нагузоштаанд, гуруҳи мусаллаҳе ба ҳадафаш бирасад, ки мехост, иншооти муҳимми гидротехникиеро тасарруф кунаду бо таҳти идораи худ қарор додани пули болои дарёи Вахш рафтуо дар яке аз шоҳроҳҳои стратегӣ дар Тоҷикистонро қатъ кунад.
Ба қавли мақомоти рус, дар тамрини мазкур 500 низомии мустақар дар шаҳрҳои Душанбеву Қурғонтеппа бо 160 техникаи гуногуни ҳарбӣ иштирок кардаанд.