Омодагии бемористони Намозӣ барои роҳандозии таҷрибаи пайванди узв дар Тоҷикистон
Раиси бахши пайвандсозии бемористони Намозии Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз аз роҳандозии таҷрибаи пайванди узв дар Тоҷикистон хабар додааст.
Доктор Сайид Малик Ҳусайнӣ, ҷарроҳ ва узви ҳайати илмии Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз, чоршанбеи 19 август дар дидор бо Насим Олимов, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфтааст, “бахши пайванди донишгоҳи Шерози Эрон барои омӯзиши донишҷӯ ва интиқоли дониши пайванд ба кишвари Тоҷикистон омода аст”.
Расонаҳои эронӣ аз қавли Ҳусайнӣ гуфтаанд, бемористони Намозӣ инчунин барои роҳандозии маркази пайванд, тарбияти донишҷӯ ва омӯзиши давраи такмили тахассус бо Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ мебошад.
Ба гуфтаи узви ҳайати илмии Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз, дар ҳоли ҳозир солона 600 пайванди ҷигар дар бахши пайванди донишгоҳ анҷом шудааст, ки дар дуён беназир аст. Ӯ афзуда, дар ин бахш мутахассисон аз кишварҳои Ироқу Судон дар ҳоли омӯзишанд.
Ба иттилои манбаъ, Насим Олимов, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ барои ҳамкорӣ бо донишгоҳи мазкур дар ин замина изҳори омодагӣ кардааст. Расонаҳои эронӣ аз имзои тафоҳумномае дар заминаи ҳамкорӣ хабар додаанд.