ВИДЕО: "Жизнь требует". Далели дар мактабҳои русӣ хондани тоҷикон
Ахиран раванди ба муассисаҳои таълимии русӣ гузоштани кӯдакони тоҷик суръат гирифтааст. Ин ҳолат дар марказҳои маъмурии шаҳрҳо, ба вижа пойтахти кишвар зиёд мушоҳида мешавад. Дар ин робита хабарнигори "Озодагон" дар кӯчаҳои Душанбе аз роҳгузарон суол кард, ки ЧАРО ВОЛИДОН ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БА МАКТАБҲОИ РУСӢ МЕБАРАНД?
Бархе аз пурсидашудаҳо гуфтанд, вазъи кунунии зиндагӣ, муҳоҷират ва мушкили пайдо кардани ҷойи кор дар Русия, ки яке аз талаботҳояш донистани забони русӣ аст, таваҷҷуҳ ба мактабҳои русиро бештар кардааст. Чанд нафар ин равандро ба солҳои зиёд дар ҳайати Шӯравӣ будану инак шарики стратегии Тоҷикистон эълон шудани Русия марбут донистанд. Иддаи дигар изҳор доштанд, низоми таълим ва муносибат дар макотиби русӣ нисбат ба таълимгоҳҳои тоҷикӣ беҳтар ба роҳ монда шуда, тарзу усули дарсгузарӣ ва талабот фарқкунанда аст.
Назари бархе аз сокинону меҳмонони пойтахтро дар ин видео бубинед ва Шумо низ андешаи худро бинависед.