Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта, ки имсол дар Тоҷикистон 390 ҳазор тонна муайян шуда буд, имрӯз барзиёд иҷро гардид.
Тавре аз вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба «Озодагон» иттилоъ доданд, то имрӯз аз майдонҳои пахтаи кишвар 391 ҳазору 291 тонна ҳосил ҷамъ шудааст, ки 100,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ба иттилои масъулини вазорат, то имрӯз нақшаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Суғд 101,3 фоиз, Хатлон 100,1 фоиз ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 98,7 фоиз иҷро шудааст.
Ҳосили миёнаи пахтаро айни ҳол, масъулини вазорат 19,5 сентенер аз як гектар арзёбӣ мекунанд. Дар маҷмӯъ имсол дар ҷумҳурӣ майдони 201 ҳазору 112 гектар пахта корида шудааст ва ба гуфтаи масъулини вазорати кишоварзӣ ҳанӯз пахтаи ин заминҳо пурра ҷамъоварӣ нашудааст.
Дар сурати ҷамъоварии пахтаи боқимонда, имсол дар назар аст, ки дар кишвар то 420 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардад.{jathumbnail off}