Боздошти марди 60-сола бо иттиҳоми кордкашӣ тарафи келинаш
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони пулис як сокини 60-солаи ноҳияи Ғончии вилояти Суғдро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд.
Торнамои расмии ин ниҳод навиштааст, гумонбаршуда рӯзи 18 август тахминан соати 16:00 дар ҳавлии истиқоматиаш “аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо келинаш, зани 31-солаи истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, се маротиба ба қафаси сина ва ду маротиба ба дасти чапаш задааст”.
ВКД меафзояд, дар натиҷа зан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.