Хуросон: Чаппа шудани теппа боиси ҳалокати се нафар шудааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз марги се сокинони ноҳияи Хуросон хабар дод, ки зери куҳпора мондаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзи 17 август тахминан соати 18:30 вақте се марди синну солашон 22, 30 ва 35-солаи Хуросон дар ҷамоати деҳоти Фахробод ба сангкафонӣ машғул буданд, теппакуҳ болояшон чаппа мешавад.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ онҳо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.