Бештари пулҳои Занҷонӣ дар Туркияву аз 15 як ҳисааш дар Тоҷикистон?
Амираббос Султонӣ, узви кумитаи таҳқиқи Шӯрои исломӣ дороии Бобак Занҷониро, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, 5 миллиард доллар гуфтааст.
Бино ба қавли ин узви Шӯрои исломӣ, Бобак Занҷонӣ бештари амволи нақди худро аз Эрон хориҷ кардааст: “Ҳадс мезанем, ки Занҷонӣ аз боздошт шуданаш хабардор будаву ҳисобҳояшро холӣ кардааст”.
Расонаҳои эронӣ аз қавли мақомоти қазоии кишварашон гуфтаанд, дороии Занҷонӣ 5 миллиард долларро ташкил медиҳад, “аммо амволи кашфшуда бисёр поинтар аз ин рақам аст. Мо фикр мекунем ин пул байн афроди дигаре тақсим шуда ё Занҷонӣ шарикҳои номаълуме доштааст”.
Ба ин тартиб, мақомот бар ин боваранд, ки бахши умдаи дороии Занҷонӣ назди Ризо Зароб, як сарватманди эронии муқими Туркия аст. Ба гуфтаи Амираббос Султонӣ, “ин пул ба Туркия интиқол пайдо карда дар чархаи иқтисодии ин кишвар аст. Ба ҳамин далел эҳтимоли ҳамкории мақомоти Туркия бо Эрон барои бозгардондани ин пул заиф аст”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Ҳусайн Деҳдаштӣ, узви кумитаи парвандаи Бобак Занҷонӣ гуфта буд, аз понздаҳ як ҳиссаи дороиҳои ин миллиардери боздоштшуда дар Тоҷикистон аст.
Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ду тарҳ -- ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки "Kont Investment Bank", ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешуданд.