АКС: Фатҳи қуллаи Абӯали Ибни Сино аз сӯи руҳонии қазоқ
Александр Зирянов, руҳонӣ ва бунёдгузори калисои Успенскийи Қазоқистон дар Бадахшон ба қуллаи Ленин, ки ҳоло номи Абуалӣ Ибни Синоро дорад, баромадааст.
Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, ин руҳонӣ, ки солҳои тӯлонӣ ба куҳнавардӣ машғул будааст, рӯзи 5 август ба нуқтаи охирини қуллаи Ленини Помир расидааст.
Қуллаи Ленин дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистону ҷойгир буда, бо 7 ҳазору 134 метр яке аз баландтарин қулла дар кишварҳои Шӯравии пешин ба шумор меравад. Он соли 1928 номи Ленинро гирифт. Аз он пеш дар харитаҳои русӣ номи генерали рус – Кауфманро дошт.