"Карантин"-и Маҳмадрӯзӣ Искандаров баъди мусоҳибааш
Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси зиндонии Ҳизби демократ ба маҳбаси маъруф ба “Кирпичний” интиқол шуда, чанд рӯз аст, давраи карантинро пушти сар мекунад. Дар ин бора Радиои “Озодӣ” бо такя ба манобеаш дар раёсати маҳбасҳои Вазорати адлия хабар додааст.
Манбаъ гуфтааст, Искандаров “бо қоидаҳои ин маҳбас шинос шуда, баъди 9 рӯз барои адои давраи ҷазо дар ҳамин маҳбас мемонад”. Ба зиндони рақами 4/7-и шаҳри Ваҳдат интиқол ёфтани сиёсатмадорро Аббосидин Ҳомидов, бародарзодаи Маҳмадрузӣ Искандаров ҳам тасдиқ кардааст. Далели ин тасмим риоят накардани муқаррароти зиндон гуфта мешавад. Маҳмадрӯзӣ Искандаров ахиран бо Радиои “Озодӣ” мусоҳибае анҷом дод ва ба гуфтаи Аббосиддин баъди он намояндагони Раёсати ислоҳии маҳбаси Вазорати адлия ӯро даъват карда, ҳамчун ҷазо ба зиндони “Кирпичний” интиқол додаанд.
Маҳмадрӯзӣ Искандаров 9 декабри соли 2004 бо дархости мақомоти Тоҷикистон аз сӯи идораҳои амниятии Русия боздошт ва моҳи апрели соли 2005 раҳо шуд. Аммо баъд аз чанд рӯз дубора ба таври асроромез нопадид гардида, додситонии кулли Тоҷикистон баъдан дар бораи боздошт шудани ӯ дар Душанбе хабар дод. Додгоҳи олии Тоҷикистон Искандаровро дар иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла тасарруфи маблағҳои давлатӣ, фаъолиятҳои терорристӣ ва таъсиси гуруҳи ҷиноии мусаллаҳ гунаҳкор дониста, барои 23 сол равонаи зиндон кард.
Соли 2010 Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо боздошти раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Русия ва интиқоли ӯ ба Душанберо ғайриқонунӣ дониста, Маскавро 30 000 евро ҷарима баст.