Юсуфҷон Иброҳимов: Ҳоло дигар нафаси ба роҳат мекашам
Суҳбати хабарнигори “Озодагон” бо Юсуфҷон Иброҳимов, сокини ҷамоати Шодобаи ноҳияи Ашт, ки мегӯяд, 20 сол аз дарди қалб азият кашида, ниҳоят дар филиали Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд муолиҷа ёфт.
Юсуфҷон Иброҳимов: 20 сол аз дарди қалб ранҷ кашидам. Аввалҳо камтар, аммо солхои охир дардаш сахт шуд. Панҷ соли охир зуд зуд дар бемористони шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бистарӣ мешудам. Ду соли охираш дар бахши кардиологияи вилоят муолиҷа гирифтам, аммо дардам кам нашуд. Соли охир аҳволам хеле бад шуд – рӯзе набуд, ки роҳат нафас кашида тавонам: дилам ҳамеша сих мезад.
Дар бораи клиникаи Ибни Сино аз куҷо маълумот пайдо кардаед?
Юсуфҷон Иброҳимов: Ҳамин зимистон як моҳ дар бемористони шаҳраки Шайдон табобат гирифтам, аҳволам хеле бад буд ва духтури оилавиамон тавсия дод, ба Бемористони Ибни Сино муроҷиат кунем. Аввал ба шаҳри Душанбе рафтанӣ шудем, аммо чун роҳ тӯлонӣ аст ва харҷи ҳавопаймо зиёд, аз қасдамон гаштем. Доктор Сарҳадҷон Бобоалиев, ки ҳамшаҳри мо ҳастанд ва ба духтури оилавиамон шинос буданд, гуфтанд, дар шаҳри Хуҷанд ҳам Бемористони Ибни Сино филиал дорад ва дар он ҷо амалиёти ба ман заруриро мегузаронанд. Охири моҳи феврал ба ин бемористон омадам ва 2 март ба раги дилам стент монданд. Баъд аз ду рӯз худамро хеле сабук ҳис кардам – нафаскашиам роҳат шуд, сихзании дил монд. Ҳоло дигар нафаси ба роҳат мекашам.
Харҷи бемористон вазнин набуд?
Юсуфҷон Иброҳимов: Вақте ба бемористон омадем, дар масъалаи хароҷот мушкил пайдо шуд - хизматрасонии мутахассисон ва гузаронидани амалиёт пулакӣ буд ва маблағаш ба мо вазнинӣ кард. Лекин дар бемористон ширкати “Суғуртаи миллӣ” фаъолият мебарад, ки ба мо кумаки хеле калон расонд – барои гузаронидани амалиёт 50% маблағашро пардохт кард ва дар оянда дар давоми як сол метавонам барои гирифтани хизматрасонӣ дар ин бемористон боз 80% тахфиф гирам. Ин хеле хуб будааст!
Умуман, хизматрасонии Бемористонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Юсуфҷон Иброҳимов: Ман ҳазор маротиба розӣ ҳастам. Раҳмат ба роҳбарони Бемористони Ибни Сино, ки дар шаҳри Хуҷанд чунин бемористони замонавиро ташкил карданд. Шукр мегӯям, ки дар вилояти Суғд ҳам табобати хуб ва босифатро гирифта метавонем.