Аз ҳисоби берун кардани амалиёти иқтисодӣ аз «иқтисоди сиёҳ» имкон дорад, се сол пас даромади буҷаи Тоҷикистон аз 5 то 10 маротиба афзоиш ёбад.
Ин нуктаро дар сӯҳбат бо хабаргузории «Озодагон» Некрӯй Забиров, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Асоссиатсияҳои соҳибкорони Тоҷикистон изҳор дошт. Ба қавли ҷаноби Забиров амалиёти иқтисодӣ дар Тоҷикистон замоне аз «пинҳонкорӣ» берун мешаванд, ки агар давлат шумора ва ҳаҷми андозҳоро кам намояд. Ба иттилои Забиров дар доираи иҷрои фармони президент оиди таҳияи Кодекси нави андоз, соҳибкорони Тоҷикистон аллакай Консепсияи нави сиёсати андозиро таҳия ва ба ниҳодҳои дахлдори ҳукумат пешниҳод кардаанд: «Мо пешниҳод мекунем, ки аз номгӯи андозҳои умумидавлатӣ, ки ҳудуди 17 ададро ташкил медиҳанд, 7 тояшон ихтисор шаванд. Ҳаҷми андозҳои боқимонда ҳудуди 30 – 40 фоиз кам карда шавад».
Ба гуфтаи Забиров дар сурати 30 фоиз кам кардани андозҳо, бе ягон таваккал се сол пас даромади буҷа 5 маротиба афзоиш меёбад. Агар ниҳодҳои дахлдор таваккал кунанду ҳаҷми андозҳоро аз ин ҳам камтар намоянд, даромади буҷаи давлат се сол пас то 10 маротиба зиёд мешавад.
Ба гуфтаи Забиров, сабукии андозҳо боис мешавад, ки корманду корфармо ҳаҷми даромади худро паноҳ накунанд ва супоридани андоз ба таври шаффоф сурат хоҳад гирифт, ки ин дар навбати худ ҳам афзоиши даромади буҷа ва ҳам рушди соҳибкориро таъмин мекунад.{jathumbnail off}