Тақозои Human Rights Watch аз ҳукумати Молдова: Валиевро истирдод накунед
Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар бо пахши як изҳорот аз ҳукумати Молдова хостааст, ба Душанбе истирдод нашудани Собир Валиев, мухолифи сиёсии ҳукумати Тоҷикистонро кафолат бидиҳад.
Дар ин изҳорот, ки унвонии "Озодагон" расид, аз ҷумла гуфта мешавад, “ба касе пӯшида нест, дар Тоҷикистон мушкили шиканҷа ба гунаи ҷиддӣ вуҷуд дорад. Молдова мувазаф аст, ҳеч касро ба кишваре, ки он ҷо мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор мегирад, истирдод накунад".
Дар ин изҳорот, ки рӯзи 18 августи соли равон дар Берлини Олмон нашр шудааст, таъкид мешавад, Молдова ба сифати кишваре, ки Конвенсияи зидди шиканҷа ва Конвенсияи ҳуқуқи башари Аврупоро қабул кардааст, тааҳҳуд карда, ки “ҳеч каси боздоштшударо ба гунаи иҷборӣ ба маконе нафиристад, ки он ҷо хатари озору азият, шиканҷа ва хушунатҳои дигари инсонӣ таҳдид мекунанд”.
Собир Валиев, муовини раҳбари созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24" ва “Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон”, ки аз хориҷ ба танқиди ҳукумати кишвар машғуланд, шоми 11 августи соли равон замоне, ки қасди сафар ба Истанбули Туркия дошт, дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова боздошт гардид.
Ба иттилои хабаргузориҳо, Валиев шаҳрвандии Қирғизистонро дошта, чанд сол қабл аз табаияти Тоҷикистон даст кашидааст. Ӯ баъди кушта шудани Умаралӣ Қувватов дар Туркия ва раҳбари “Гуруҳи 24” интихоб гардидани Шарофиддин Гадоев муовини раҳбари ин созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ таъин шуд.