Ҳамзамон, лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи муҳофизати растаниҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оид ба ворид намудани тағйирот ба кодекси меҳнати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи лоиҳаи барномаи давлатии қарзгирии берунаи ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2014 ва оид ба лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Манбаъ афзуд, аъзои шўро лоиҳаҳои қонунҳои мазкурро барои баланд бардоштани вазъи зиндагии аҳолии кишвар муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки таҳия ва пешниҳоди чунин лоиҳаҳо аз тарафи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба ин органи олии қонунгузори мамлакат омили асосии рушду густариши соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ маориф, варзиш, фарҳанг ва дигар бахшҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба шумор меравад.{jathumbnail off}