Зайд Саидов аз СИЗО-и амният бароварда шуд
Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, ки ахиран барои 29 сол равонаи зиндон шуд, ба СИЗО-и Вазорати адлия мунтақил шудааст.
Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов ба "Озодагон" гуфт, зерҳимояи ӯро имрӯз, 17 август аз СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия интиқол додаанд: "Қарор аст, аз боздоштгоҳи Вазорати адлия ба маҳбас интиқол ёбад".
Оқои Табаров афзуд, ҳанӯз маълум нест, Зайд Саидов кай ва ба кадом маҳбас равона мешавад.
Вакили дифои Зайд Саидов афзуд, онҳо ахиран шикояти кассатсионӣ аз ҳукми нави зерҳимояашро ба Додгоҳи олӣ супурданд. Дар ин шикоят ҳукми нави Зайд Саидов ғайриқонунӣ ва беасос хонда шуда, аз коллегияи Додгоҳи олӣ дархост гардидааст, онро бекор кунад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабри соли 2013 Зайд Саидовро бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ – “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ”, “қаллобӣ”, “фасод ва ришвастионӣ” гунаҳкор дониста, ба 26 соли зиндон маҳкум кард. 11 августи соли равон, Суди олӣ дар доираи парвандаҳои нав бо назардошти 26 соли ҳукми қаблӣ, дар маҷмӯъ ӯро ба 29 сол зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум кард. Инчунин, додрас қарор кард, аз ҳисоби Зайд Саидов 34 миллион сомонӣ зарари расонда ҷуброн шавад. Дар доираи парвандаҳои нав нисбати оқои Саидов дар асоси чанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз қабили "азхудкунӣ", "ба расмият даровардани амволи бо роҳи ҷиноят бадастоварда", "саркашӣ аз супоридани андоз", "сӯиистифода аз мансаб" ва "сохтакорӣ" ҳукм содир шудааст.
Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ дар доираи парвандаҳои нав барои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда бар иловаи 26 соли зиндон аз Додгоҳи олӣ 25 соли дигар ва 34 миллион сомонӣ ҷуброни зарару мусодираи молу мулкро талаб карда буд.
Зайд Саидов, тоҷири муваффақ ва вазири пешини саноати Тоҷикистон моҳи майи соли гузашта, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, замоне ки ба ҳайси вакили маҷлиси шаҳрӣ масунияти дахлнопазирӣ дошт, боздошт гардид. Ин ҳодиса баъд аз тақрибан як моҳи азми ӯ барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, ки ҳадафаш ислоҳот ва беҳбудии рӯзгори мардум гуфта мешуд, сурат гирифт.