Кормандони ҳифзи ҳуқуқ мубориза бо терроризми дохилӣ ва трансмиллиро омӯхтаанд
Ёздаҳ корманди Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи мухаддири Тоҷикистон давраи омӯзишии “Мубориза алайҳи терроризми дохилӣ ва трансмиллӣ”-ро хатм кардааст.
Тавре аз Сафорати ИМА дар Душанбе хабар доданд, ин давраи омӯзишӣ аз сӯи Барномаи ёрии зиддитеррористӣ (Барномаи АТА) маблағгузорӣ мешавад: “Курси таълимии номбаршуда сеюмин аз силсилаи иборат аз 4 курси омӯзишии Барномаи АТА мебошад, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар 2015 ба нақша гирифта шудаанд”.
Ба иттилои манбаъ, омӯзиши мазкур аз ҷониби Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористии назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ гардида, бо дастгирии бахши минтақавии Хадамоти амниятии назди Сафорати ИМА гузаронида шудааст: “Барномаи ёрии зиддитеррористӣ дар фаъолияти хеш усули “омӯзиши омӯзгорон”-ро истифода мебарад, ки он дар навбати худ боиси афзоиши шумораи афсароне, ки дар раванди омӯзишҳо метавонанд малакаи лозимаро сайқал диҳанд, мегардад”.
Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис ёфтааст. Дафтари мазкур механизми калидии Ҳукумати ИМА дар баргузории барномаҳои омӯзишӣ, таъмини таҷҳизот ва технология ба давлатҳои шарики ИМА, ки фаъолона алайҳи терроризм мубориза мебаранд, мебошад.
Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаҳо барои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустию маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.