Сӯхтори Маскав дар мадди назари президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба вазороти умури дохила ва хориҷа дар мавриди сабабҳои сар задани сӯхтор дар хонаи рақами 5, кӯчаи «Болшой Афанасевский переулок»-и шаҳри Маскав супориш додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати хориҷа, президенти Тоҷикистон аз масъулини ин вазорот тақозои ҳар чӣ зудтар расидагӣ кардан ба ин қазия ва расонидани кӯмак ба хешовандону наздикони фавтидаро кардааст. Айни замон аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бобати муайян намудани шахсияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар натиҷаи сўхтор зарар дидаанд, корро идома медиҳад.
Ёдрас менамоем, субҳи 17-уми май, соати 05:55 дар хонаи рақами 5 кўчаи «Болшой Афанасевский переулок», воқеъ дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Москва сўхтор ба амал омад. Сўхтор дар бинои сеошёнае, ки қаблан аз истиқоматкунандагони муқимӣ озод карда шуда буд, сар зад ва дар натиҷа 7 нафар ба ҳалокат расида, 7 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Панҷ нафари осебдида ба беморхонаҳои шаҳри Москва расонида шуданд. То соати 18-00-и шоми дирӯз миёни ҳалокшудагон ҳуввияти се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин оташсӯзӣ қурбон шудаанд, муайян гашт.Инҳо Аҳмадов Қурбоналӣ, соли таваллудаш 1956, зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, Саиднаимов Алихон Азизшоевич соли таваллудаш 1985, зодаи ноҳияи Шуғнони ВМБК
ва Саиднаимов Наимшо Алишерович, соли таваллудаш 1992, зодаи ноҳияи Шуғнони ВМБК мебошанд.
Нисбат ба ҳодисаи рухдода аз ҷониби кумитаи тафтишотии Русия аз рӯйи моддаи 109 Кодекси ҷиноии ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.