Р. Эмомалӣ бар ивази 550 то 855 сомонӣ коргар меҷӯяд
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои чанд курсии холӣ дар ин ниҳод озмун эълон кардааст.
Торнамои расмии Оҷонсӣ менависад, озмун барои ҷойҳои холӣ дар дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва минтақаи Рашт гузаронда шуда, музди меҳнат аз 546,30 сомонӣ то 855 сомонӣ хоҳад буд.
Донистани Конститутсияи Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, аз талаботҳои аслӣ барои довталабон гуфта мешавад. Балад будан бо забони давлатӣ ва кор бо компютер низ ҳатмӣ буда, ба иттилои торнамо “донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад. Барои ишғоли мансаби сармутахассис, ваколатдори калони фаврӣ оид ба КММ, муфаттиши калон оид ба КММ ва сарнозир 3 сол, мутахассиси пешбар, ваколатдори калони фаврӣ, муфаттиши калон ва нозири калон 2 сол собиқаи хизматӣ зарур мебошад”.
Оҷонсӣ мегӯяд, барои ширкат дар озмун довталабонро зарур аст то 29 август ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимро ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳод намоянд.
Эълони озмун барои ишғоли курсиҳои холӣ дар ҳолест, ки қаблан Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон бо мақсади ҷилавгирӣ аз фасод дар ниҳоди зертобеаш ротатсия ё ҷойивазкунии кормандонро амалӣ намуд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, то 6 августи соли равон ҷойи кори 166 корманд ва мансабдори Оҷонсии зидди фасод иваз шудааст: “Ин иқдом бо назардошти тавсияҳои комиссияи аттестатсионӣ ва бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбии кормандон ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва муовиқи талаботи Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд”.
Ҷойивазкунии кадрҳо дар пайи аттестатсияе сурат гирифт, ки ахиран боиси аз кор озод шудани 56 масъули Агентӣ гардид. Ин ниҳод мегӯяд, аттестатсия баъди интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сиёсати кадрии раҳбари пешини ин ниҳод роҳандозӣ шуд.