Ҳушдор аз гармии шадид ва хатари нави селфароӣ дар Тоҷикистон
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳафтаи оянда-рӯзҳои 18-20-уми август кишварро гармии шадид фаро хоҳад гирифт.
Тибқи иттилои ин муассиса гармии ҳаво дар вилояти Хатлон то 42-44 градус гарм хоҳад шуд: “Дар навоҳии тобеи марказ ва ғарби вилояти Бадахшон гармии ҳаво то 37 дараҷа боло хоҳад рафт”.
Обуҳавошиносон бо зикри гармшавии ҳаво таъкид мекунанд, ки эҳтимоли фаромадани сел вуҷуд дорад.
Ин дар ҳолест, ки гармшавии ҳаво ва обхезию селфароиҳо моҳи июли соли равон талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ дар ҳаҷми 600 миллион сомониро дар пай овард.