АКС: Намоиши аксҳо аз ҷанги Чину Ҷопон дар Душанбе
Имрӯз, 15-уми август дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе ба ифтихори 70-умин солгарди Ғалаба бар фашизми гитлерӣ ва ғалаба дар муқовимати мардуми Чин бар зидди истилогарони Ҷопон, намоиши аксҳо оғоз ёфт, ки се рӯз идома хоҳад кард.
Фан Сен Жонг, сафири Чин дар Тоҷикистон зимни ифтитоҳи намоишгоҳ изҳор дошт, ки маҳз дар ҳамин рӯз, 70 сол пеш Чин бар истилогарони Ҷопон ғолиб шуд: “Ин ҷанг 8 сол давом карда буд. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон, Тоҷикистон ва Чин дар мубориза бо фашизм якҷо буданд. Имрӯз зарур аст, ки талошҳо барои нигоҳдории сулҳу субот дар ҷаҳон густариш ёбанд”.
Сафири Чин инчунин иттилоъ дод, ки ба наздикӣ дар шаҳри Пекин чорабиние бахшида ба ифтихори 70-солагии ғалаба баргузор мешавад, ки дар он иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар назар аст.