Дарси сулҳи Э.Раҳмон дар Кӯлоб ва радди боздидаш аз хонаи пешини "Ғаффор Седой"
Мақомоти Кӯлоб мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои нухустин бор дарси сулҳро имсол 1-уми сентябр берун аз Душанбе-дар саҳни Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб хоҳад гузаронд.
Шарофат Худойдодова, муовини ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб имрӯз, 15 август ба “Озодагон” гуфт, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 70 солагии Донишгоҳи Кӯлоб бинои нави маъмурию таълимии онро ба истифода диҳад: “Дарси сулҳ бо иштирок президент дар саҳни ин бино, ки бо дастури ӯ давоми як сол сохта шуд, баргузор мегардад”.
Худойдодова инчунин таъйид кард, ки собиқ манзили истиқоматии генерали маҳкумшуда Ғафор Мирзоев дар Кӯлоб, феълан мавриди бозсозӣ қарор дорад ва дар назар аст, ки ба осоишгоҳи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб табдил дода шавад.
Ӯ иштироки раисиҷумҳурро дар маросими ифтитоҳи ин осоишгоҳ рад карда, афзуд, таъмири бино нотамом аст.
Бунёди осоишгоҳ дар хонаи Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди президентӣ ва Оҷонсии зидди маводи мухаддир дар ҳолест, ки собиқ соҳибхона 11 сол боз дар боздошт аст. Ғаффор Мирзоев ё худ “Ғаффор Седой” моҳи августи соли 2004 боздошт ва августи соли 2006 бо айбҳои сангин, аз ҷумла терроризму қасди табаддулоти давлатӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд.