Паёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Ҳиндустон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба унвонии Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳиндустон ӯ ва мардуми ин кишварро ба муносибати Рӯзи истиқлол табрик кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон дар пайи табрикот ҳамчунин аз дастовардҳои таърихии Ҳиндустон ёдовар шуда, афзудаас, “тақвияту густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Ҷумҳурии Ҳиндустон дар сархати фаъолиятҳои ҳадафмандонаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад”.
Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз сафари нахустини Нарендра Модӣ ба Тоҷикистон ёдовар шуда, созишномаҳои зимни ин дидор басташударо тавсеабахши ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Ҳиндустон хондааст: “Умедворам, ки иҷрои аҳду паймонҳои дар рафти сафари нахустини давлатии Шумо ба Тоҷикистон ҳосилшуда, бешубҳа, ба тавсеаю густариши ҳамкориҳои мо боис гашта, ҷавобгўи манфиатҳои ҷонибайн ва тақвияти суботи минтақа хоҳад шуд. Мо аз ҷониби худ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар ин самт истифодаи муассир ба амал хоҳем овард”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар поёни табрикоташ ба Нарендра Модӣ сиҳатии комил,комёбиҳои рўзафзун ва ба мардуми дўсти Ҳиндустон – хушрўзӣ, пешрафт ва саодат таманно кардааст.