Созиши Душанбею Бишкек алайҳи пулшӯйии “наркобарон”-ҳо
Генерал Рустам Назарзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, дар мулоқот бо ҳамтои қирғизаш, Рафик Мамбеталиев созиш кардаанд, алайҳи пулшӯйӣ-қонунӣ гардондани маблағҳое, ки аз фурӯши маводи мухаддир ба даст меоянд, муборизаи муштарак баранд.
Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон 13-уми август ҷонибҳо зимни мулоқот дар шаҳри Ош нақшаи кориро имзо намуданд, ки он масъалаҳои гузаронидани амалиёти муштарак бо усули “таҳвили назоратшаванда”, ошкор намудани ҳодисаҳои қонунигардонии маблағҳои пулӣ, ки аз фурӯши маводи нашъаовар ба даст омадаанд, мубодилаи иттилоот, гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишварро дар бар мегиранд.
Ба иттилои манбаъ зимни мулоқот инчунин ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, аз ҷумла дар ташкили мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ дар хатсайри интиқоли маводи нашъаовар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Созиши Душанбею Бишкек дар ҳолест, ки қаблан Александр Зеличенко, мудири Маркази сиёсати маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ изҳор дошт, ки вилояти Бодканд ба роҳи асосии интиқоли маводи мухаддири Афғонистон табдил ёфтааст.